«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ: эътимод, амният ва рушд: аз ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон ба платформаи глобалии ҳамкорӣ» конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд. Тавре
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ: эътимод, амният ва рушд: аз ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон ба платформаи глобалии ҳамкорӣ» конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд .
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, ҳамоиш бо мақсади фароҳам овардани майдони муколамаи илмӣ, технологӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами рушди зеҳни сунъӣ, амнияти рақамӣ ва истифодаи масъулонаи технологияҳои нав баргузор шуд.
Иброз гардид, ки қабули ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод (31 август) аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими Сарвари давлат дар самти мусоидат ба рушди масъулонаи технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.
Дар замони муосир рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири ҷиддӣ мерасонад. Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони рақамикунонӣ зеҳни сунъӣ мебошад. Имрӯз он на танҳо воситаи технологӣ, балки яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаласаи пленарии конфронс масъалаҳо оид ба идоракунии муҳити зеҳнӣ, амнияти маълумот, трансформатсияи рақамӣ ва тағйироти иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни конфронс коршиносон таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро дар самти татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва стандартҳои бехатарии истифодаи онҳо ба иштирокчиён пешниҳод намуда, ба афзоиши нақши агентҳои шахсии зеҳни сунъӣ ва истифодаи онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни конфронс масъалаҳои дурнамои рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон, омода намудани кадрҳои соҳавӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон