Илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳои обу энергия нақши бунёдӣ доранд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати илму техника, густариши равандҳои рақамикунонӣ ва ташаккули иқтисодиёти ба дониш асосёфта нақши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар пешрафти ҷомеа ва рушди технологияҳои инноватсионӣ пайваста меафзояд. Илм дар замони муосир на танҳо манбаи дониш, балки неруи асосии пешрафт, навоварӣ ва ташаккули ояндаи устувори ҷомеа мебошад. Имрӯз дастовардҳои илмҳои математика, физика, химия, биология, география ва технологияҳои иттилоотӣ на танҳо барои тавсеаи донишҳои назариявӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва экологӣ заминаи боэътимод фароҳам меоранд.

–Илмҳои бунёдӣ асоси ташаккули технологияҳои нав, такмили равандҳои истеҳсолӣ, автоматикунонии фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба ҳисоб мераванд. Махсусан, дар шароити муосир ҳамгироии донишҳои илмӣ бо имконоти технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки равандҳои мураккаби табиӣ ва истеҳсолӣ бо дақиқии бештар омӯхта шуда, натиҷаҳои таҳқиқот дар амал татбиқ гарданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ, иқтидори назарраси гидроэнергетикӣ ва экосистемаҳои нодири кӯҳӣ мебошад, истифодаи дастовардҳои илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ аҳамияти махсус дорад. Захираҳои об, пиряхҳо, дарёҳои кӯҳӣ, обанборҳо ва дигар объектҳои табиӣ дар таъмини рушди иқтисодиёт, энергетика, фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ва нигоҳдории мувозинати экологӣ нақши муҳим мебозанд.

Яке аз самтҳои муҳими истифодаи илмҳои дақиқ дар соҳаҳои обу энергетика моделсозии математикӣ ва компютерӣ мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки равандҳои мураккаби табиӣ дар шакли моделҳои ҳисоббарорӣ ифода ёфта, қонунияти тағйирёбии онҳо муайян карда шавад.

Дар соҳаи гидрология ва моделсозии математикӣ барои омӯзиши ташаккули маҷрои дарёҳо тақсимоти захираҳои об, таъсири боришот, обшавии барфу пиряхҳо ва тағйирёбии мавсимии захираҳои об истифода мегардад. Бо ёрии чунин моделҳо метавон барномаҳои гуногуни тағйирёбии иқлимро таҳлил намуда, таъсири онҳоро ба захираҳои обии ҳавзаҳои дарёҳо пешгӯӣ кард.

Масалан, омӯзиши ҳавзаҳои дарёҳои Вахш, Панҷ, Зарафшон ва Кофарниҳон бо истифода аз моделҳои муосири гидрологӣ имконият медиҳад, ки хусусияти ташаккули маҷро, тақсимоти об дар фаслҳои сол ва таъсири омилҳои иқлимӣ ба низоми обии онҳо муайян карда шаванд. Натиҷаҳои чунин таҳқиқот метавонанд барои таҳияи тавсияҳои илмӣ оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, банақшагирии фаъолияти иншооти гидротехникӣ ва пешгирии хавфҳои табиӣ истифода гарданд.

Дар баробари ин, истифодаи моделҳои математикӣ дар гидроэнергетика имкон медиҳад, ки вобастагии истеҳсоли неруи барқ аз сарфи об, баландии афтиши он ва самаранокии агрегатҳои энергетикӣ муайян карда шавад. Ин раванд барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии мамлакат аҳамияти амалӣ доранд.

Солҳои охир технологияҳои геоинформатсионӣ (GIS) ва таҳқиқоти фосилавии Замин ба яке аз воситаҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтаанд. Ин технологияҳо барои ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва пешниҳоди маълумоти фазоӣ имконияти васеъ фароҳам меоранд.

Бо истифода аз маълумоти моҳворавӣ ва системаҳои геоинформатсионӣ метавон тағйирёбии масоҳати пиряхҳо, ҳолати кӯлҳои кӯҳӣ, динамикаи сатҳи обанборҳо, равандҳои эрозияи замин ва тағйирёбии сарпӯши растаниҳоро омӯзиш намуд. Таҳлили тасвирҳои моҳворавии Sentinel ва Landsat, инчунин истифодаи платформаҳои коркарди маълумоти фосилавӣ, аз ҷумла Google Earth Engine имконият медиҳад, ки равандҳои табиӣ дар миқёси васеи ҳудудӣ ва дар давраҳои гуногун муқоиса карда шаванд.

Қисми зиёди ҳудуди ҷумҳуриро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд ва чунин технологияҳо аҳамияти хос доранд. Онҳо имкон медиҳанд, ки минтақаҳои дорои хавфи обхезӣ, сел, лағжиши замин ва дигар равандҳои хатарнок муайян карда шуда, барои таҳияи харитаҳои рақамии хавф ва банақшагирии чораҳои пешгирикунанда заминаи илмӣ фароҳам оварда шавад.

Махсусан, мониторинги фосилавии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим аҳамияти муҳим дорад. Маълумоти бадастомада метавонад барои арзёбии тағйирёбии захираҳои об, омӯзиши равандҳои обшавии пиряхҳо ва таҳлили эҳтимолияти ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода истифода шавад.

Яке аз дастовардҳои муҳими илму технологияи муосир рушди зеҳни сунъӣ ва усулҳои омӯзиши мошинӣ (компютерӣ) мебошад. Ин технологияҳо барои коркарди ҳаҷми бузурги маълумот, ошкор намудани қонунияти пинҳонӣ ва пешгӯии равандҳои мураккаб имконияти нав фароҳам меоранд.

Дар соҳаи гидрология алгоритмҳои зеҳни сунъӣ метавонанд барои таҳлили маълумоти бисёрсолаи обуҳавошиносӣ, пешгӯии маҷрои дарёҳо, арзёбии хавфи обхезӣ ва муайян намудани тағйироти ғайримуқаррарии нишондиҳандаҳои гидрологӣ истифода шаванд. Дар соҳаи экология чунин усулҳо ба коркарди маълумоти мониторинги сифати об, муайян намудани тамоюлҳои ифлосшавӣ ва арзёбии ҳолати экосистемаҳои обӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамгироии зеҳни сунъӣ бо системаҳои геоинформатсионӣ ва маълумоти моҳворавӣ метавонад барои таҳияи низомҳои муосири мониторинг ва огоҳкунии барвақтӣ заминаи муҳим гузорад. Бо вуҷуди ин, эътимоднокии натиҷаҳои чунин таҳлилҳо аз сифати маълумоти воридшаванда, дурустии алгоритмҳо ва санҷиши онҳо дар асоси мушоҳидаҳои воқеӣ вобаста мебошад.

Гидроэнергетика яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки иқтидори он ба татбиқи дастовардҳои илмҳои дақиқ ва технологияҳои муосир вобастагии зиёд дорад.

Фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ бо маҷмуи равандҳои гидравликӣ, механикӣ ва энергетикӣ алоқаманд мебошад. Омӯзиши ин равандҳо бо истифода аз усулҳои физикӣ, математикӣ ва моделсозии компютерӣ имкон медиҳад, ки самаранокии кори таҷҳизот арзёбӣ гардида, роҳҳои кам кардани талафоти энергетикӣ муайян карда шаванд.

Яке аз самти дигари муҳим ин омӯзиш ва мониторинги ҳолати иншооти гидротехникӣ мебошад. Сарбандҳо, каналҳо, обанборҳо, иншооти обпарто ва дигар объектҳои муҳандисӣ дар шароити таъсири омилҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва равандҳои сейсмикӣ қарор доранд. Бинобар ин, назорати мунтазами ҳолати техникӣ ва арзёбии устувории онҳо аҳамияти махсус дорад.

Истифодаи таҷҳизоти рақамии ченкунӣ, сенсорҳо, усулҳои фосилавии мушоҳида ва моделсозии муҳандисӣ метавонад ба муайян намудани тағйирёбии деформатсия, фишори об ва дигар нишондиҳандаҳои муҳими техникии иншоот мусоидат намояд. Дар оянда ташаккули пойгоҳи ягонаи рақамии маълумот оид ба ҳолати иншооти гидротехникӣ метавонад барои такмили низоми мониторинг ва қабули қарорҳои асосноки муҳандисӣ замина фароҳам оварад.

Дастовардҳои илмҳои табиӣ ва дақиқ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист низ нақши муҳим доранд. Яке аз масъалаҳои мубрам омӯзиши сифати об ва муайян намудани таъсири фаъолияти инсон ба экосистемаҳои обӣ мебошад.

Бо истифода аз усулҳои муосири химиявӣ, биологӣ ва физикӣ метавон таркиби об, дараҷаи минерализатсия, миқдори моддаҳои ҳалшуда, нишондиҳандаҳои оксиген ва дигар хусусияти физикию химиявии онро муайян намуд. Натиҷаҳои таҳқиқоти озмоишгоҳӣ дар якҷоягӣ бо маълумоти мониторинги саҳроӣ барои арзёбии ҳолати экологӣ ва муайян намудани манбаъҳои эҳтимолии ифлосшавӣ истифода мешаванд.

Истифодаи сенсорҳои рақамӣ ва системаҳои автоматии ченкунӣ имконият медиҳад, ки тағйирёбии баъзе нишондиҳандаҳои сифати об мунтазам назорат карда шавад. Ин раванд барои сари вақт ошкор намудани тағйироти номатлуб ва таҳияи чораҳои пешгирикунанда аҳамияти амалӣ дорад.

Ҳамчунин татбиқи технологияҳои биологӣ барои коркарди партовҳои органикӣ, истеҳсоли биогаз ва ба даст овардани нуриҳои органикӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Чунин технологияҳо ба истифодаи такрории захираҳо, кам кардани ҳаҷми партовҳо ва рушди иқтисодиёти даврӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамин тариқ, илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, энергетикӣ ва экологӣ нақши бунёдӣ доранд. Моделсозии математикӣ, системаҳои геоинформатсионӣ, зеҳни сунъӣ, таҳқиқоти фосилавии Замин ва технологияҳои рақамии мониторинг имконият медиҳанд, ки равандҳои табиӣ ва истеҳсолӣ бо усулҳои муосир омӯхта шуда, натиҷаҳои илмӣ дар амал татбиқ гарданд.

Истифодаи ин, пеш аз ҳама, дар самтҳои идоракунии оқилонаи захираҳои об, рушди гидроэнергетика, мониторинги иншооти гидротехникӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хавфҳои табиӣ аҳамияти махсус дорад.

Фирдавс АЛИЕВ, муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"