Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки «мо ба муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии худ бо Туркманистон аҳаммияти махсус медиҳем. Давлатҳои моро анъанаҳои чандинсола ва ғании дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории мутақобилан судманд ба ҳам мепайванданд. Умедворем, ки таҳкими пайвастаи ин муносибатҳо ба манфиатҳои дарозмуддати халқҳои мо ҷавобгӯ буда, барои таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард».
«Дар тули беш аз се даҳсола муносибатҳои дипломатӣ заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии ҳамкории мо ташаккул ёфтааст, ки 138 санадро дар бар мегирад», — афзуд Файзалӣ Идизода.
Иброз гардид, ки ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун унсури зарурии дипломатияи байнипарлумонӣ ҷузъи муҳимми муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо ба ҳисоб мераванд.
Пешниҳод гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байнипарлумонӣ, фаъолтар карда шавад; робитаҳои мустақим байни кумитаҳо ва комиссияҳои соҳавии парламентҳои мо густариш ёбанд; табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ ташкил гардида, ташаббусҳои мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалии парламентӣ дастгирӣ карда шаванд.
Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ЮНЕСКО ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки «мо мисли тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ, ки аз қадимулайём дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ зиндагӣ менамоянд, ба таҳкими сулҳ, амнияти минтақавӣ, тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва пешбурди принсипҳои рушди устувор манфиатдор мебошем. Дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим мо ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амнияти экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳалли мушкилоти марбут ба ҳавзаи баҳри Арал таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем».
Изҳори итминон карда шуд, ки дипломатияи парламентӣ метавонад муколамаи байнидавлатиро пурра намуда, ба табодули афкор ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба ҳалли масъалаҳои муштараки минтақавӣ равона шудаанд, мусоидат намояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон