Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» барои таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе–Чаноқ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» барои таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе–Чаноқ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар айни замон 242 техникаю механизми махсус барои фаъолияти мунтазам дар шароити зимистон омода гардидаанд. Ҳамзамон намояндагиҳои ширкат бо захираи сӯзишвории дизелӣ ва маводи зиддилағзиш таъмин гардида, раванди захиракунӣ идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамасола барои мавсими тирамоҳу зимистон зиёда аз 1 миллион литр сӯзишворӣ ва қариб 20 ҳазор тонна маводи зиддилағзиш захира карда мешавад. Аз ҷумла, то имрӯз дар намояндагиҳои Варзоб 3700 тонна, Зарафшон 3500 тонна ва Суғд 4700 тонна маводи зиддилағзиш захира гардидааст.

Инчунин кормандони ширкат бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар нуқтаҳои фаъолият ангишту ҳезум ба миқдори зарурӣ захира карда шудааст.

Роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаҳои кӯҳии дорои релефи мураккаб буда, дар фасли сармо зери таъсири бориши шадиди барф, тармафароӣ, яхбандӣ, сел ва дигар зуҳуроти табиӣ қарор мегирад. Аз ин рӯ, нигоҳдории ин масир назорати пайваста, омодагии техникии пурра ва фаъолияти шабонарӯзии кормандонро тақозо менамояд. Кормандони «IRS» дар мавсими зимистон бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард намуда, барои бартарафсозии саривақтии тармаҳо ва рафъи дигар ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Омодагии ҳамаҷонибаи техникаву механизмҳо, захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи зиддилағзиш, инчунин масъулияти кормандон аз ҷумлаи омилҳои асосии таъмини фаъолияти мунтазами роҳи Душанбе–Чаноқ дар мавсими сармо ба шумор мераванд.

АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"