Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд

АМИТ "Ховар" ·

ТУРСУНЗОДА, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, ки зимни он наваскарон бо анъанаи неки «кулчагазон»-у дуои модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТУРСУНЗОДА, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, ки зимни он наваскарон бо анъанаи неки «кулчагазон»-у дуои модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Зимни ҳамоиш роҳбарияти шаҳр аз масъулиятшиносӣ ва ташаббуси ватанпарастона, ҳувияти баланди миллӣ, матонату ҷавонмардии даъватшудагон сухан гуфта, ба волидайнашон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз ҷавонони бонангу номус барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан азм намудаанд.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар симои сарбозони ҷасури Ватан ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии кишвар барои рушду ободии он дар ҷабҳаҳои гуногун софдилона заҳмат менамоянд.

Дар чорабинӣ ба 260 ҷавон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ба 40 нафар аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Источник: АМИТ "Ховар"