ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
30 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ сафар намуда, мактаби замонавиро ба истифода доданд.
***
30 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини вақти вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Клуби сиёсатшиносони ҷавони Авруосиё баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳод ба шаҳри Душанбе омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки яке аз ширкатҳои бонуфузи сайёҳии ҷопонӣ «АLL Season Travel» тасмим гирифтааст, ки дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориент Адвентур» беш аз 1000 нафар сайёҳони давлати Ҷопонро барои саёҳат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд.
***
30 октябри соли 2020 ҷаласаи XV раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раисии Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври онлайн баргузор гардид. Дар кори он судяҳои судҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон, инчунин Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе шарҳи сеҷонибаи маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда дар семоҳаи сеюми соли 2023 баргузор гардид.
30 ОКТЯБР:
Дар Русия- Рӯзи муҳандис-технолог.
***
Дар Зеландияи Нав -Рӯзи меҳнат
РӮЙДОДҲО:
30 октябри соли 1974 дар Лондон китоби Чарл Чаплин «Зиндагии ман дар филм» ба нашр расид.
***
30 октябри соли 1908 Русия соҳиби аввалин медали тиллои олимпӣ гардид.
***
30 октябри соли 1918 Осорхонаи мардумони Шарқ таъсис дода шуд.
* **
30 октябри соли 1943 дар Москва дар натиҷаи баргузории конфронс байни Иттиҳоди Шуравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Англия ва Чин оид ба таъсиси Созмони Милати Муттаҳид шартнома ба имзо расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Клуби сиёсатшиносони ҷавони Авруосиё баргузор гардид.
***
Соли 1995 амрикоиҳо нахустин маротиба ҳайати 8-нафараро ба кайҳон фиристоданд.