Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландау баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ намуда, доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар таъмини суботи минтақавиро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон