МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки баргузории ҳамоишҳои адабию фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи Мавлоно ҳамчун арҷгузорӣ ба мероси адабӣ, маънавӣ ва ахлоқии миллати тоҷик аҳамияти муҳим дорад.
Мутафаккири барҷаста-Мавлоно бо андешаҳои фарогири инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, муҳаббат, худшиносӣ ва маърифати инсонӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Омӯзиш ва тарғиби осори Мавлоно, бахусус дар байни насли ҷавон, метавонад дар таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, маърифати ахлоқӣ, эҳсоси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ нақши муассир гузорад.
Гуфта шуд, ки забони осори Мавлоно бо вуҷуди гузашти асрҳо тавонистааст таъсирнокии худро нигоҳ дошта, ҳамчун яке аз намунаҳои барҷастаи забон ва адабиёти форсии классикӣ арзиши худро ҳифз намояд.
Таъкид гардид, ки осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ганҷинаи бузурги маънавии башарият буда, андешаҳои ӯ дар бораи муҳаббат, инсонгарӣ, дониш, маърифат, сулҳу дӯстӣ ва камолоти инсонӣ аҳаммияти худро дар ҳама давру замон нигоҳ медоранд.
Аз ин рӯ, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-адабӣ дар донишгоҳ барои муаррифии арзишҳои волои адабиёти классикӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рушди ҷаҳонбинии донишҷӯён ва пайванди насли имрӯз бо мероси пурғановати гузашта муҳим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Бояд гуфт, ки ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» рӯйи даст гирифта шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ