Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳр Бахтиёр Шарифӣ оид ба ҷамъбасти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи нақшаи 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои чорабиниҳо, корҳои боқимонда ва масъалаҳои марбут ба татбиқи онҳо баррасӣ карда шуданд. Иброз гардид, ки иҷрои нақшаи 35-солагӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе самарабахш ба роҳ монда шуда, дар доираи он 6 ҳазору 481 чорабинии сохтмонию навсозӣ ва ободонӣ амалӣ гардид. Ин нишондиҳанда аз нақшаи асосӣ 1,5 маротиба зиёд мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин зарурати бартараф намудани камбудиҳо, мушкилоти ҷойдошта ва таҳияи босифати Нақшаи чорабиниҳои 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид. Сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вазифадор карда шуданд, ки пешниҳодҳои худро барои солҳои 2027–2031 сари вақт омода намуда, барои таҳияи нақшаи мукаммал ба мақомот пешниҳод намоянд.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе