Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Зимни он 571 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», 10 нафар бо

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Зимни он 571 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», 10 нафар бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон» ва 131 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маросими ҷоизасупорӣ мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №7 «Булбулакон»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Дилрабои Ҳотамшо ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» ва омӯзгори гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Шариф Шарифзода ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон–2026» эълон карда шуданд.

Зимни маросими қадрдонӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистонро бо иди касбӣ шодбош гуфта, аз рушди соҳаи маориф ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд.

Иброз гардид, ки барои таъмини рушди устувори соҳаи маориф Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд намуда, барои кормандони соҳа ва омӯзгорону хонандагон пайваста шароити хубу муосири кору зиндагӣ ва таълиму тарбияро фароҳам меорад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми панҷ соли охир бо назардошти соли 2026 маоши омӯзгорон 135 фоиз зиёд гардид.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд намудани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо намудани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошанд.

Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози мамлакат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Ватан, пешрафти давлат ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"