Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди инфрасохтори иттилоотӣ ва рақамикунонии равандҳо, таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва истифодаи

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди инфрасохтори иттилоотӣ ва рақамикунонии равандҳо, таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва истифодаи самараноки маълумоти рақамӣ баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла Анна Сухова ва Иван Шулгаро вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаи «Модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар Тоҷикистон» ва самтҳои минбаъдаи ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти такмили низоми ҳифзи иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дошта, татбиқи лоиҳа ба баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори ниҳодҳои давлатӣ ва ташаккули механизмҳои муосири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ вазъи татбиқи ҷузъҳои алоҳидаи лоиҳа, мониторинг ва арзёбии натиҷаҳо, масъалаҳои харид ва идоракунии молиявӣ, инчунин хавфҳои экологӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Иброз шуд, ки навсозии низоми ҳифзи иҷтимоӣ танҳо бо амалӣ намудани технологияҳои нав маҳдуд нашуда, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, такмили равандҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, рушди низомҳои иттилоотӣ ва беҳтар намудани сифати идоракунии маълумотро низ талаб менамояд.

АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"