Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо роҳбари тозатаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Габриел Ивон Акимова қарор гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ҳамзамон рушди малакаҳои соҳибкорӣ ва омода намудани ҷавонон ба бозори меҳнат баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки ташаббусҳои ЮНИСЕФ метавонанд бо фарогирии омӯзиши дониш ва малакаҳои амалии молиявӣ боз ҳам такмил дода шаванд. Дар ин замина зарурати ҷалби коршиносон ва ҳамоҳангсозии фаъолият бо вазорату идораҳои дахлдор таъкид гардид.
Дар мулоқот инчунин ба масъалаҳои рушди саводнокии молиявии рақамӣ, истифодаи бехатару масъулиятноки хизматрасониҳои молиявӣ, ҷалби ташкилоти қарзии молиявӣ ба барномаҳои омӯзишии ҷавонон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои ҷавонони минтақаҳои дурдаст таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо барои татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон