Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
АМИТ "Ховар" ·
РӮДАКӢ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии «Абдуқаҳҳор»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва аъзои хоҷагӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз
РӮДАКӢ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии «Абдуқаҳҳор»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва аъзои хоҷагӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Раиси хоҷагии деҳқонии «Абдуқаҳҳор» Кафтар Раҷабова иброз дошт, ки «мо бо тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ навъи пахтаи «Хитоӣ» кишт намудем. Бо риояи қоидаҳои агротехтикӣ ва сари вақт бо обу ғизо таъмин намудани он ҳосили дилхоҳ ба даст овардем».
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дурнамои кишти пахта 50 гектарро ташкил медиҳад. Имсол бо истифода аз имконияти мавҷуда дар 352 гектар чигит кишт намудаанд. То имрӯз дар ноҳия зиёда аз 15 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.
Пахтакорони ноҳия кӯшиш доранд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид ва шароити дастрас ҳосили пахтаро дар муҳлати муайянгардида пурра ҷамъоварӣ намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ