Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафари Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ доктор Холид Салом Саид Шавонӣ дар шаҳри Бағдод мулоқот намуд.

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафари Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ доктор Холид Салом Саид Шавонӣ дар шаҳри Бағдод мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ироқро дар соҳаҳои ҳуқуқӣ ва адлия, инчунин масъалаҳо оид ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба масъалаҳои ҳамкории ҳуқуқӣ ва судӣ, табодули таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, инчунин рушди робитаҳои байни мақомоти адлия ва дигар сохторҳои дахлдори ду мамлакат афкор доир шуд.

Ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ироқро таъкид намуда, имконоти рушди ҳамкории минбаъдаро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карданд.

Ҳамзамон масъалаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муассисаҳои ислоҳӣ, табодули таҷриба ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти такмили низоми адлия ва ҳифзи ҳуқуқ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

Источник: АМИТ "Ховар"