Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Дафтари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Дафтари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Президенти Ҳукумати Кантони Сюрих Кармен Вокер Шпэ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон бо Кантони Сюрих, аз ҷумла дар самтҳои сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва молия, инноватсия ва технология, маориф, рушди устувор ва ҳамкории байниминтақавӣ ва бахши хусусӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария