БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми интихоби навъи ниҳол барои корҳои кабудизоркунӣ бештар ба ниҳолҳои дарахтони навъҳои маҳаллии ба хоку иқлими ҳамон минтақа мутобиқ бартарӣ дода шавад. Ҳамчунин ҷиҳати таъмини нигоҳдорӣ ва сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда тадбирҳои муҳим андешида шавад. Чунин изҳор дошт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ҷаласаи корӣ оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи амали «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо иштироки масъулини соҳа 15 октябри соли равон баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ бо мақсади иҷрои барномаи мазкур аз ҷониби вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳо дар ҷумҳурӣ ба миқдори зиёд ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд. Мутаассифона, тавре аз таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо бармеояд, як қисми ин ниҳолҳо ба самар нарасида, хушк мегарданд.
Тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар раванди кабудизоркунӣ аз растаниҳои маҳаллӣ васеъ истифода бояд бурд, зеро онҳо ба муҳити ҳамон маҳал беҳтар мутобиқат шуда, нашъу намо меёбанд. Ба таъкиди коршинос, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда — ин охири моҳи ноябр ва моҳҳои декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.
Бо назардошти ҳамин масъала, дар ҷаласа ба Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш дода шуд, ки тибқи талабот барои ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ маводи илман асоснокшударо дар алоҳидагӣ, аз ҷумла дастуру дастурамалҳо, қоидаҳо, тавсияҳои илмию методӣ ва маводи иттилоотӣ оид ба интихоби ниҳолҳои навъҳои ҳамешасабзу ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда ба хоку иқлими минтақаҳои кишвар мутобиқ пешниҳод намояд.
«Бо вуҷуди анҷоми корҳои назаррас ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии кабудизоркунӣ аз ҷониби баъзе мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нақшаи бунёди ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар солҳои 2025-2026 иҷро нагардид»,- гуфта шуд дар ҷаласа.
Ҳамчунин вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии иҷрои корҳо, барои ба давраи кабудизоркунии мавсими тирамоҳи соли равон омода намудани мавзеъҳои ниҳолшинонӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Тибқи иттилои масъулин, дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад. Ҳадафи асосии ин барнома Тоҷикистонро ба «кишвари сабз» табдил додан мебошад. Амалишавии ин барнома ба афзоиши майдони сабзазор, барқарорсозии ҷангалзор ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудааст.
Ҳадафҳои муҳими барнома — ҳифзи гуногунии биологӣ, мубориза бо чангу ғубор, пешгирии равандҳои биёбоншавӣ, коҳиш додани таназзули хок ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиши обшавии пиряхҳо мебошад.
Тибқи ин барнома, ниҳолҳо на танҳо дар ҳудуди ҷангалзор, балки дар шаҳрҳо, канори роҳҳо, атрофи заминҳои кишоварзӣ ва минтақаҳои кӯҳӣ низ шинонида мешаванд. Ба дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ, ки ба иқлими хушки минтақа тобовар мебошанд, афзалият дода мешавад.
Барои татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Вазорати нақлиёт бояд дар маҷмуъ дар саросари мамлакат 5 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем». Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид.
Тавре Пешвои миллат барои сабзиши хуби ниҳол ба сокинону масъулини соҳа пайваста тавсияҳои муфид медиҳанд, аз ҷумла таъкид намуданд, ки: «ниҳол шинондан ҳам мисли ҳар кори дигар қонуну қоидаи худро дорад ва барои сабзу боровар шудани дарахти шинонидашуда бояд ин қонуну қоидаҳо риоя карда шаванд. Дарахтон ҳам мавҷуди зиндаанд, таваҷҷуҳ ва нигоҳубину навозиши пайваста мехоҳанд».
«Дарахтоне, ки мо месабзонем, на танҳо намуди зоҳирии кишварамонро зебову пурҷило месозанд, балки ба рӯҳу ҷони аҳолӣ сафову роҳат мебахшанд, асабро ором мекунанд, табъро хуш мегардонанд, хоки заминро аз вайрону ковокшавӣ (эрозия) бар асари боду борон эмин нигоҳ медоранд, қабати ҳосилхези заминро аз беқувватшавӣ наҷот медиҳанд».
Рухсораи НУР, АМИТ «Ховар»,
АКС :АМИТ «Ховар»