МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бемории қанд (диабети қанд) бемории музмин ва баландшавии сатҳи қанди хун дар натиҷаи норасоӣ ё вайроншавии таъсири инсулин мебошад. Ин беморӣ ду навъ мешавад- дар навъи
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бемории қанд (диабети қанд) бемории музмин ва баландшавии сатҳи қанди хун дар натиҷаи норасоӣ ё вайроншавии таъсири инсулин мебошад. Ин беморӣ ду навъ мешавад- дар навъи якуми он ғадуди зери меъда умуман инсулин ҷудо намекунад ва дар навъи дуюм ғадуди зери меъда инсулинро ба миқдори кам ҷудо мекунад. Дар ҷаҳон гирифторшавии инсонҳо ба навъи якуми ин беморӣ тақрибан 10 фоизро ташкил медиҳад. Беш аз 90 фоизи беморон гирифтори навъи дуюми он мебошанд. Беморони гирифтори диабети қанд бояд дар як шабонарӯз чанд маротиба ғизо истеъмол намоянд? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
— Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳони тандурустӣ, дар ҷаҳон зиёда аз 500 миллион нафар аз ин беморӣ азият мекашанд ва ин рақам сол ба сол афзоиш меёбад. Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2050 шумораи беморон метавонад ба зиёда 1,5 миллиард нафар расад.
Нишонаҳои аввалини беморӣ- хушк шудани даҳон, ташнагӣ–яъне талабот ба обнӯшӣ зиёд шуда, пешоб низ меафзояд. Нишонаҳои дигар-нозук шудан ва афтидани дандонҳо, дер шифо ёфтани захмҳо ва ғайра мебошанд. Бояд дар хотир дошт, ки бемории диабети қанди навъи дуюм метавонад бе аломат пайдо шавад. Аз ин хотир шахсони аз 40-сола боло бояд камаш соле як ё ду маротиба аз санҷиши қанди хун гузаранд.
Мувофиқи маслиҳати мутахассисон, барои бемор парҳез дар ҷойи аввал меистад. Ҳангоми диабети қанди навъи 2 таъйини ғизои пешгирикунанда ва табобатӣ яке аз роҳҳои муолиҷаи самараноки он мебошад. Дар ҳолати бемории диабети қанди навъи 1 ғизои табобатӣ ҳамчун омили иловагии табобат дар баробари таъйини дорувориҳо нақш мебозад.
Ба тавсияи мутахассисон, беморони гирифтори диабети қанд бояд дар як шабонарӯз 5-6 маротиба (тахминан пас аз ҳар 3 соат) бо миқдори кам ғизо истеъмол намоянд. Тақсимоти дурусти истеъмоли ғизо аз рӯйи арзиши неру чунин аст: наҳории якум – 20 фоиз, наҳории дуюм – 10 фоиз, хӯроки нисфирӯзӣ – 30 фоиз, хӯроки пешин – 10 фоиз, хӯроки бегоҳирӯзӣ – 10 фоиз ва пеш аз хоб – 10 фоиз.
Парҳези умумӣ барои тамоми беморони гирифтори диабети қанд вуҷуд надорад. Ғизои табобатӣ барои ин беморӣ вобаста ба навъи диабети қанд, вазнинии ҷараён ва мавҷудияти оризаҳо таъйин мегардад.
Бояд гуфт, ки баъзе аз инсонҳо худсарона ё ба тавсияи ягон нафари гирифтори ин беморӣ меъёри хӯрок ё парҳезро риоя мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар бемор бояд вобаста ба талаботи организми худ хӯрок истеъмол кунад. Ҳама организм ва ё узвҳои инсонҳо ба ҳам монанд нест. Инчунин баъзе нафарон бе тавсияи мутахассисон аз гиёҳҳои табиӣ обҷӯш ё дамҷӯш омода ва истеъмол мекунанд. Дар ин ҳолат беморӣ авҷ гирифта, оризаҳои нохушро ба амал меорад.
Ба беморони гирифтори диабети қанд истеъмоли чунин ғизоҳо тавсия дода мешавад:
– нони сиёҳ ва сафед дар як рӯз 200-300 грамм;
– шӯрбоҳои обпаз аз сабзавот, шӯрбоҳои сабук аз гӯшт ё моҳӣ бо сабзавот дар як ҳафта 1-2 маротиба;
– гӯшти гов, гӯсола, мурғ, хурӯси мурғи марҷон дар намуди обпаз ё яхнӣ;
– навъҳои камравғани моҳӣ дар намуди обпаз;
– таом ва хӯришҳо аз сабзавот ва кабудиҳо – карам, гулкарам, хӯриш аз шалғам, помидор, каду, картошка, лаблабу, сабзӣ (то 200 грамм). Дар як шабонарӯз 900-1000 грамм сабзавот дар шакли тару тоза ва обпаз;
– таом ва хӯришҳо аз маҳсулоти лӯбиёгӣ, ярма, макарон маҳдуд карда мешаванд;
– тухми нимпаз 1-2 дона дар як рӯз дар намуди чалпак, инчунин илова ба таомҳо;
– навъҳои мева ва буттамеваҳои турш ва туршу ширин (себи антонӣ, лимӯ ва афлесун, қоти сурх, тути заминӣ ва ғайра) то 200 грамм дар як рӯз дар шакли тару тоза ва шарбат аз онҳо;
– шир, ҷурғот, панир дар шакли табиӣ ё дар самбӯсаи панирӣ, паниру қаймоқ ба миқдори кам;
– хамира (ғайр аз намуди тунд) аз сабзавот ва шир;
– хӯришҳо аз сабзавот, моҳии камравған;
– чой, чой бо шир, қаҳваи суст, шарбати помидор, шарбатҳои мевагӣ ва буттамевагӣ аз навъҳои турш;
– равғани маска ва растанӣ дар як рӯз 40 грамм (дар шакли табиӣ ва тайёр кардани ғизо).
Номгӯйи маҳсулоти ғизоӣ метавонад тағйир ёбад, вале миқдори карбогидратҳои таркиби он бояд ба назар гирифта шавад. Барои иваз намудани маҳсулоти ғизоӣ барои таъмини миқдори дурусти карбогидратҳо маҳсулоти нонӣ истифода мешавад.
Маҳсулоти нонӣ (20 грамм хлеби сафед) аз рӯйи миқдори карбогидратҳо баробарарзиш ба 25 грамм хлеби сиёҳ, 15 грамм шӯлаҳои марҷумакӣ, ҷавӣ, ярмаи биринҷӣ, 60-70 грамм картошка, 150-220 грамм афлесун ё мандарин, 15 грамм тути заминӣ, 150-170 грамм сабзӣ, 375 грамм помидор.
Ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан, вазнро муътадил нигоҳ доштан, худдорӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва тамоку аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошанд. Роҳҳои пешгирии бемории диабети қанд муҳимтар аз табобати беморӣ аст. Бояд гуфт, ки яке аз роҳҳои пешгирии он дуруст ба роҳ мондани реҷаи хӯрокхӯрӣ ва машғул шудан ба варзиши сабук, ба мисли пиёдагардӣ ва оббозӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз