Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи баргузории Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон–кишвари ёдгориҳои нодир» дар Италия қарор дорад, Нигористони Боргезе (Galleria Borghese)-ро, ки яке аз маъруфтарин осорхонаҳои санъати ҷаҳонӣ дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия мебошад, тамошо намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Нигористони Боргезе яке аз осорхонаҳои машҳури санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ дар ҷаҳон буда, дар ҳудуди боғи таърихии Вилла Боргезе ҷойгир аст. Он бо коллексияи нодири асарҳои рассомону ҳайкалтарошони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла Караваҷо, Рафаэл, Титсиан, Ҷан Лоренсо Бернини ва Антонио Канова шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Ҳайати Тоҷикистон бо шоҳкорҳои санъати ҷаҳонӣ ва мероси ғании фарҳангии Италия шинос гардид. Асарҳои нодири рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ, ки марҳилаҳои гуногуни рушди санъати Аврупоро инъикос менамоянд, таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб намуданд.
Нигористони Боргезе на танҳо бо коллексияи беназири осори санъат, балки бо муҳити зебои таърихӣ ва боғи сабзу хуррамаш низ маъруф аст. Он яке аз маконҳои муҳими фарҳангии Рим ба ҳисоб рафта, ҳамасола диққати ҳазорон дӯстдорони санъат ва таърихро ҷалб менамояд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон