Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Намояндагии СММ дар Туркманистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, дар доираи чорабинӣ Тоҷикистон дар гӯшаи махсус муаррифӣ гардид, ки дар он мавод оид ба таъриху фарҳанги ғанӣ, анъанаҳои миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар, инчунин намунаҳои таомҳои миллӣ пешниҳод шуданд.
Иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ ба муаррифии мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ба густариши муколамаи байнифарҳангӣ мусоидат намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон