Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, таъсиси озмоишгоҳ ба рушди корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи хокшиносӣ ва агрохимия, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши хусусияти хок равона гардидааст.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки ин озмоишгоҳ дар заминаи рушди илмҳои кишоварзӣ ва истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» озмоишгоҳи институт бо таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз гардонида шуд. Озмоишгоҳ инчунин бо ду мошини озмоишгоҳи сайёри дорои тамоми таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд.

АКС: Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"