Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш, ки намояндагони Парлумони Тоҷикистон, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд, гуфта шуд, ки дар шароити тағйирёбии вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши номуайяниҳо таҳлили ҳамаҷонибаи равандҳои макроиқтисодӣ, пешгӯии дақиқ ва сари вақт муайян намудани хавфҳои эҳтимолӣ барои қабули қарорҳои асосноки сиёсати иқтисодӣ аҳаммияти муҳим доранд.

«Дар ин замина, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва такмили донишу таҷрибаи касбии мутахассисон аз самтҳои асосии ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор маҳсуб меёбад»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.

Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва ҳосилнокӣ, таваррум, сиёсати пулию қарзӣ ва молиявӣ, қарзи давлатӣ, вазъи бахши беруна ва хавфҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш масъалаҳои марбут ба табодули таҷриба ва истифодаи усулҳои муосири таҳлили макроиқтисодӣ дар фаъолияти касбӣ мавриди барарсӣ қарор дода шуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"