Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ҷаласаи Шурои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ҷаласаи Шурои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории байнипалатавӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории байнипалатавӣ ба хотири мусоидат ба иштироки ширкату корхонаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар намоишгоҳҳои байналмилалии дар давлатҳои аъзои Иттиҳод баргузоршаванда, таҷриба ва дурнамои истифодаи низомҳои электронии тасдиқи пайдоиши молҳо дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин дигар масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарони палатаҳо ба мувофиқа расиданд, ки нақшаҳои муайяншуда минбаъд тавассути палатаҳои савдо ва саноати давлатҳо амалӣ гардида, ба таҳкими ҳамкории байнипалатавӣ, тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат намоянд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон