Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд, Ёддошти тафоҳум ба густариши ҳамкории дуҷониба дар самти рақамикунонии савдои молу хизматрасониҳо, рушди савдои электронӣ ва фароҳам овардани имконияти нави ҳамкорӣ барои субъектҳои соҳибкории ду давлат равона шудааст.
Тибқи ин санад ҷонибҳо табодули таҷрибаро дар самти такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди низоми тиҷорати электронӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, дастгирии платформаҳои электронии савдо, пешбурди омори соҳавӣ ва баланд бардоштани саводнокии рақамии соҳибкорон ба роҳ мемонанд.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ омӯзиши имконияти таъсиси портали муштараки тиҷоратӣ ва рушди платформаҳои электронӣ мебошад. Он ба пешбурди содирот, осон намудани дастрасии соҳибкорон ба бозорҳои ду ҷумҳурӣ ва густариши савдои фаромарзӣ мусоидат мекунад.
Татбиқи ҳамкорӣ дар ин самт тавассути баргузории вохӯриҳои корӣ, машварату вебинарҳо, сафарҳои омӯзишӣ, табодули иттилооту таҷриба ва видеоконфронсҳо амалӣ гардида, ҳамзамон тарафҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди инфрасохтори зарурии тиҷорати электронии фаромарзӣ тадбирҳои муштарак меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон байни ду ҷумҳурӣ 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»