Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 то 6 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Источник: АМИТ "Ховар"