Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2034» қабул гардид. Ин санад бо назардошти ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», таҷрибаи татбиқи барномаҳои қаблӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат дар самти коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ таҳия карда шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён иброз дошт, ҳангоми таҳияи ин стратегия таҷрибаи амалисозии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2010–2015» ба назар гирифта шуд. Ҳамзамон он ба талаботи нави ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, муқаррароти «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015–2030» ва «Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030» мутобиқ мебошад.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ҳадафи асосии стратегия паст кардани хавфҳои мавҷудаи офатҳои табиӣ, пешгирии пайдоиши хавфҳои нав ва таҳкими иқтидори миллӣ дар самти идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад. Татбиқи он имкон медиҳад, ки низоми пешгирӣ, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода такмил ёфта, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, сохторҳои маҳаллӣ ва шарикони рушд тақвият дода шавад.

Тадбирҳои амалӣ дар доираи Стратегияи миллӣ

Бо мақсади татбиқи ин стратегия аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, барои иҷро ва корбарӣ ба воҳидҳои сохторӣ ва ҳудудии кумита, раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, инчунин шуъбаву бахшҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудааст.

Бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид нусхаи стратегия ба теъдоди 500 адад нашр гардида, барои истифода ба сохторҳои таркибии кумита, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ дастрас карда шуд.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва омода намудани мутахассисон дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода якчанд дастурамалу маводи таълимӣ таҳия гардидаанд. Аз ҷумла, дастурамал оид ба машғулияти омӯзиши ибтидоии мудофиаи гражданӣ, гузаронидани машқҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, инчунин барномаи таълимӣ барои афсарони нав ба кор қабулшудаи кумита омода карда шудааст.

Тибқи иттилои Ориф Нозимиён, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва марказҳои таълимию методии кумита дар вилоятҳо ва минтақаҳои мамлакат дар доираи ин стратегия бо ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳон, мутахассисони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ ва шарикони рушд мониторинги рафти иҷрои Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт ҳамкорӣ идома дорад.

Барномаи давлатӣ — марҳилаи нави татбиқи стратегия

Қадами муҳим дар самти амалисозии ҳадафҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2034» қабули «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023–2028» ба шумор меравад.

Барнома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 тасдиқ гардида, дар асоси афзалияти ин стратегияи миллӣ ва бо назардошти талаботи «Барномаи қолабии Сендай» ва «Ҳадафҳои рушди устувор» таҳия гардидааст.

Мақсади асосии он таҳким ва тавсеаи иқтидори миллӣ дар самти паст кардани хавфи мавҷудаи офатҳои табиӣ ва пешгирии пайдоиши хавфҳои нав мебошад. Барнома инчунин ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими иқтидори мақомоти давлатӣ, рушди низоми мониторинг ва арзёбии хавфҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ва беҳтар намудани низоми огоҳсозии барвақтӣ равона гардидааст.

Барнома дар ду марҳила амалӣ мегардад: марҳилаи якум солҳои 2023–2025 ва марҳилаи дуюм солҳои 2026–2028-ро дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал асосан ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби имконияти ташкилоти байналмилалӣ анҷом дода шуд. Марҳилаи дуюм ба амалисозии чорабиниҳои асосии барнома равона шудааст.

Тибқи маълумоти кумита, ҳаҷми умумии маблағгузории барнома 19 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 2 миллиону 125 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 16 миллиону 875 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҷалби маблағҳои шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд

Яке аз самтҳои муҳими татбиқи Стратегияи миллӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Бо ин мақсад фаъолияти «Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ» низ тақвият дода шуд.

19 декабри соли 2025 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҷаласаи навбатии Платформаи миллӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 80 нафар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи «Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ» ва «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023–2028» баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин лоиҳаи нақшаи амали барнома барои солҳои 2026–2028, ки баъди мувофиқа бо вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод гардида буд, муаррифӣ шуд. Иштирокчиён нақшаи кори Платформаи миллӣ барои соли 2026-ро тасдиқ намуда, лоиҳаи нақшаи амали солҳои 2026–2028 ва Консепсияи тақвияти иқтидори Платформаи миллиро тавассути шарикии минтақавию байналмилалӣ қобили қабул донистанд.

Инчунин 14 март ва 15 декабри соли 2025 дар дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар онҳо масъалаҳои таъсиси низоми мониторинг ва арзёбии Стратегияи миллӣ, рафти татбиқи барномаи миёнамуҳлат ва таҳияи нақшаи амали солҳои 2026–2028 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ин ҷаласаҳо ҳамчунин зарурати таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии иҷрои стратегия ва барнома, таҳияи низомномаи он ва муайян намудани самтҳои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардид.

Ба иттилои кумита, татбиқи пайвастаи чорабиниҳои пешбинишуда барои таҳкими иқтидори мақомоти идоракунии давлатӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани омодагии зернизомҳои вазифавию ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода замина фароҳам меорад.

Дар маҷмуъ амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ ба таҳкими низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва омодагии шаҳрвандон, инчунин беҳтар намудани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо шарикони рушд мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"