Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Варзоб-2» дар

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Варзоб-2» дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёшимаса Такэмура қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самти рақамикунонии соҳаи энергетика, баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ ва рушди иқтидори кадрии соҳа мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина ба масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар самти омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи энергетика, аз ҷумла тавассути истифодаи имконияти таълимию илмии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар анҷом мусоҳибон барои таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки соҳаҳои энергетика ва захираҳои об изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"