Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Душанбе якумин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Саратоншиносӣ ва радиологияи муосир: ташхиси барвақт, тибби дақиқ, радиотерапияи пешрафта ва ҳамгироии илм ба амалияи миллии тандурустӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ба рушди низоми миллии тандурустӣ, тақвияти хадамоти саратоншиносӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири тиббӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои махсусгардонидашуда таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Бо мақсади пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ, такмили ташхису табобат ва рушди иқтидори соҳа як қатор барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, «Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» ба таҳкими чораҳои пешгирикунанда, беҳтар намудани ошкорсозии барвақт ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ равона шудааст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки бемориҳои саратонӣ яке аз мушкилоти муҳими соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, пешгирӣ, ташхиси барвақт ва истифодаи усулҳои муосири табобат дар коҳиш додани оқибатҳои ин бемориҳо аҳамияти калон доранд.
«Аз ин рӯ баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, тақвияти нақши муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ошкорсозии барвақти бемориҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо марказҳои махсусгардонидашуда аз самтҳои муҳими рушди хадамоти саратоншиносӣ ба шумор мераванд»,–афзуд Ҷамолиддин Абдулозода.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми маблағгузории хадамоти саратоншиносӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар панҷ соли охир аз 22,8 миллион сомонӣ ба 56,9 миллион сомонӣ расидааст. Маблағгузорӣ барои хариди доруҳои химиотерапевтӣ низ аз 1,2 миллион сомонӣ то 9,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Танҳо дар ду соли охир аз сарчашмаҳои гуногун барои рушди хадамоти саратоншиносӣ таҷҳизоти муосири ташхисӣ ва табобатӣ ба маблағи умумии тақрибан 23 миллион сомонӣ дастрас карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2026 созишномаи қарзии имтиёзнок ба маблағи 10 миллион евро оид ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Лоиҳа муҷаҳҳаз намудани марказ бо таҷҳизоти муосири махсусгардонидашудаи ташхисӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаро дар бар мегирад.
Дар ҷараёни анҷуман байни муассисаи давлатии буҷетии федералии «Маркази миллии тиббӣ-тадқиқотии гематология, онкология ва иммунологияи кӯдакона ба номи Дмитрий Рогачёв»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои илмию амалӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид.
Дар охир қатъномаи анҷуман қабул гардида, дар он натиҷаҳои асосии кори анҷуман, пешниҳодҳои иштирокчиён, масъалаҳои мубрами илмию амалии рушди хизматрасонии онкологӣ ва радиологӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки такмили минбаъдаи ёрии махсусгардонидашудаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон