Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор бинои хобгоҳи муассиса баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, хобгоҳ аз чор ошёна иборат буда, барои 200 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ду ошёнаи аввали он 16 синфхонаи таълимӣ, 8 утоқи корӣ, ошхона бо 100 ҷойи нишаст ва маркази гармидиҳӣ ҷойгир мебошад.

Ду ошёнаи бино барои истиқомати донишҷӯён ҷудо гардида, дар он шароити мусоиди зисту таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Навсозии иншоот дар доираи «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026–2029 аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ амалӣ гардида, ба беҳтар намудани шароити донишҷӯён аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

АКС : Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"