Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар чорабинии мазкур иброз гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, барои ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории мустақил ва муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа заминаи устувор гузошт.

Гуфта шуд, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ мақому манзалати хос дошта, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ, шакли идоракунии давлат ва асосҳои сохтори конститутсионии мамлакатро муайян менамояд. Ҳамзамон он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, барои фаъолияти озодонаи шаҳрвандон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия низоми давлатдорӣ такмил ёфта, барои пешрафти соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаҳои мусоид муҳайё гардиданд. Пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди давлату ҷомеа маҳсуб мешаванд.

Ҳамчунин бо назардошти нақши ҷавонон дар ояндаи давлатдорӣ, зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат таъкид карда шуд. Зеро шинохти моҳият ва арзишҳои Конститутсия, пеш аз ҳама, аз масъулияти ҳар шаҳрванди мамлакат дар назди давлат ва ҷомеа шаҳодат медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Источник: АМИТ "Ховар"