Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баррасӣ ва ҷонибдорӣ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» андешаҳои худро оид ба муҳиммияти қабули қонун баён намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зарари сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон

Таҳқиқоти илми тиб собит намудааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, ба хусус ҷавонону наврасон зараровар буда, ба зиёдшавии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла саратон оварда мерасонад.

Аз ин хотир, 15 декабри соли 2025 зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни сокинон, ба хусус насли наврас изҳори нигаронӣ намуда буданд.

Дастури Рустами Эмомалӣ ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла иброз намуданд, ки вақтҳои охир дар байни сокинони мамлакат, ба хусус насли наврас ҳолатҳои истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор намуда буданд, ки қонунгузории мамлакатро дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода, оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Назорати наврасону ҷавонон

Дар ин замина ба милитсияи пойтахт дастур дода шуд, ки аз шаҳрвандон, падарону модарон, фаъолони ҷомеа, масъулини мактабу маориф ва аҳли ҷомеа хоҳиш намояд, ки ҳар амалу рафтори наврасонро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал менамояд. Дар ҳар боб ва моддаҳои ин қонун оид ба амали қонун, сиёсати давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва ваколатҳои он, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои онҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгор, пешгирии ҳуқуқвайронкориҳо ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун маълумот оварда шудааст.

Дар ин замина омӯзгорон ва волидайнро зарур аст, ки хонандагонро ба машғулшавӣ ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзию хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷустан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ ҷалб намоянд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки 12 сол қабл, 28 январи соли 2013 бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» ба имзо расид.

Ҳадафи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар мамлакат ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» иборат мебошад.

Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку »

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», кашидани ҳама навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ ва коргоҳҳои давлатӣ қатъиян манъ мебошад.

Ҳамчунин дар моддаи 2, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» чунин омадааст: «Фурӯши маҳсулоти тамоку дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Дар ҳолати шубҳа пайдо кардани фурӯшанда оид ба синну соли шахсе, ки маҳсулоти тамокуро мехарад, фурӯшанда уҳдадор аст аз харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синнашро талаб намояд. Агар аз ҷониби харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синн пешниҳод нагардад, фурӯшанда фурӯхтани маҳсулоти тамокуро ба ӯ рад мекунад».

Бархе афроде, ки аз истеъмоли маҳсулоти тамоку даст кашида, ба истифодаи сигорҳои электронӣ гузаштаанд, бояд донанд, ки ин сигорҳо низ ба саломатӣ зарари калон мерасонанд. Таҳқиқот нишон додааст, ки никотин ва дигар моддаҳои кимиёвӣ, ки дар сигорҳои электронӣ мавҷуд ҳастанд, мушкилоти саломатӣ ба вуҷуд меоранд.

Тамоку-сабаби пайдоиши бемории роҳҳои нафас

Тавре мутахассисон иброз медоранд, ҳангоми истеъмоли тамоку он, пеш аз ҳама, ба узвҳои нафаскашӣ дохил шуда, ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тамоку моддаҳои зараровари бофтаҳои пардаи луобии роҳҳои нафасро заиф намуда, сабаби пайдоиши якчанд бемории роҳҳои нафас мегардад. Тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас мешавад.

Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"