Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон аввалин шуда, нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуданд. Онҳо беш аз 12 ҳазору 100 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Корҳои саҳроӣ дар ноҳия то чидани пахтаи охирин идома меёбанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва коркарди пахта дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз вазифаҳои муҳими кишоварзон мебошад.

Соли 2026 нақшаи истеҳсоли пахта дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон 266 ҳазору 200 тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 26 октябр дар вилоят 155 ҳазору 905 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 59 фоизи нақшаи солона баробар мебошад.

Бо иҷрои пурраи уҳдадориҳо ноҳияи Данғара дар баробари шаҳрҳои Бохтару Левакант аз ҷумлаи аввалинҳо дар вилоят гардид, ки нақшаи мавсимиро иҷро карданд. Ин дастовард натиҷаи заҳмати шабонарӯзии деҳқонон ва саҳмгузории аҳлонаи роҳбарону мутахассисони соҳа мебошад.

Ба ин муносибат дар ноҳия маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор баргузор гардид. Зимни он ба кишоварзони пешқадам ва саҳмгузор туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Источник: АМИТ "Ховар"