Дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Маркази ташхис, таҳлил ва мониторинги
ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Маркази ташхис, таҳлил ва мониторинги экологии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.
Бино аз се ошёна ва 14 утоқи корӣ иборат буда, дар ошёнаи якум — ташхисгоҳ ва утоқҳои кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва иттилооти сарраёсат бо таҷҳизот ҷойгир карда шуданд. Дар ташхисгоҳ барои гузаронидани ташхиси таркиби обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, партовобҳо, хок, ҳавои атмосфера ва ченкунии дараҷаи радиатсия таҷҳизоти зарурӣ ҷойгир карда шуда, инчунин утоқҳои кори мутахассисон- ташхисгарон мавҷуд мебошанд. Дар ошёнаи дуюм утоқҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон- нозирони давлатӣ таҷҳизонида шудаанд.
Дар ин рӯз шуъбаи осебшиносии Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд. Шуъба бо тамоми таҷҳизот ва ҳуҷраҳои ташхису табобатӣ таъмин буда, дар он 10 табиб бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар доираи амалишавии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ афзуда, беморхонаву марказҳои саломатӣ ва клиникаҳои давлатию хусусии муосир бунёд ва ба истифода дода мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд