Пагоҳ дар Тоҷикистон ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва мероси муқаддаси ниёгонамон- Ҷашни Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ ва Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур таҷлил мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барномаҳои ҷашнӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт аз соати 09:00 оғоз меёбанд.

Ба иттилои манбаъ, дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Ҳамчунин дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд.

Ин ҷашнҳо тибқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"