КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 оғоз мегардад. Чемпиони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими гузашта – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои роҳ ёфтан ба марҳалаи навбатии мусобиқа муборизаро оғоз мекунанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар гурӯҳи «В» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо бошгоҳи «Наҷмеҳ»-и Лубнон вомехӯрад. Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе дар назар аст.
Дар гурӯҳи «С» бошад, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Кувайт бо бошгоҳи «Гоа»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад. Бозӣ соати 18:25 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон