Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 1050-солагии Робиаи Балхӣ- яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс толори Сомониён пас аз навсозӣ бо нигораҳои нав ва ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ ифтитоҳ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки таҷдиди толори Сомониён бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардонидани муҳтавои нигораҳо, муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии давраи Сомониён ва инъикоси саҳми чеҳраҳои барҷастаи илму адаби тоҷик дар рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон амалӣ гардидааст. Экспозитсияи нав бо истифода аз унсурҳои меъморӣ ва ороишии хоси давраи Сомониён тарҳрезӣ шуда, ба боздидкунандагон имкон медиҳад, ки бо баъзе ҷанбаҳои муҳими мероси моддию маънавии ин давраи таърихӣ аз наздик шинос шаванд.

Дар маркази толор девори ороишӣ бо истифода аз унсурҳои меъмории замони Сомониён бунёд гардида, дар қисмати марказии он нимпайкараи асосгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик офарида шудааст, ба намоиш гузошта шудааст. Ин бахши экспозитсия ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, худшиносии таърихӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон мақоми хосса дорад.

Экспозитсияи толор бо намунаҳои ҳунари анъанавии тоҷикон, аз ҷумла гаҷкорӣ, кандакории рӯйи чӯб, мисгарӣ ва дигар осори дорои арзиши таърихию бадеӣ мукаммал гардидааст. Ин ёдгориҳо бозгӯйи маҳорати баланди ҳунармандони тоҷик буда, анъанаҳои қадимии санъати ороишию амалӣ ва хусусияти эстетикии фарҳанги миллиро инъикос менамоянд. Ҷойгирсозии мақсадноки онҳо дар фазои толор ба фароҳам овардани тасаввури комилтар дар бораи ҳунар, завқи бадеӣ ва дастовардҳои фарҳангии давраи мавриди омӯзиш мусоидат мекунад.

Яке аз бахшҳои муҳими экспозитсияи нав ба муаррифии шахсият ва мероси адабии Робиаи Балхӣ бахшида шудааст. Ба ин муносибат мусаввара ва нимпайкараи ин суханвари барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс, ки аз ҷониби ҳунармандони чирадасти тоҷик офарида шудаанд, ба намоиш гузошта шуд. Ин осор на танҳо симои адабии Робиаи Балхиро таҷассум менамоянд, балки бозгӯйи эҳтироми ҷомеа ба мақоми зан дар таърихи адабиёт, рушди тафаккури бадеӣ ва ҳифзу гиромидошти мероси маънавии ниёгон мебошанд.

Робиаи Балхӣ дар таърихи адабиёти классикии тоҷику форс ҳамчун яке аз чеҳраҳои маъруфи давраҳои аввали ташаккули назми форсии дарӣ ёд мешавад. Муаррифии симо ва мероси адабии ӯ дар Осорхонаи миллӣ барои шинос намудани насли ҷавон ва боздидкунандагон бо шахсиятҳои барҷастаи адабиёти гузашта, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамзамон дар доираи барномаи ифтитоҳи толори таҷдидгардида ходимони илмии Осорхонаи миллӣ намоиши театрӣ оид ба ҳаёт ва рӯзгори Робиаи Балхиро пешкаш намуданд. Тавассути ин барномаи саҳнавӣ лаҳзаҳои зиндагӣ ва мақоми адабии ин чеҳраи таърихию фарҳангӣ ба таври бадеӣ бозтоб ёфта, муҳтавои экспозитсия бо воситаҳои иловагии муаррифии фарҳангӣ ғанӣ гардонида шуд.

Таҷдид ва ифтитоҳи толори Сомониён қадами муҳим дар самти такмили экспозитсияи доимии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва таҳкими робитаи ҷомеа бо гузаштаи пурғановати миллат ба шумор меравад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"