Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
АМИТ "Ховар" · · g616052
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 30 октябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (COP17) баргузор гардид, ки дар он олимони Академияи миллии имҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ин чорабинии муҳими байналмилалӣ намояндагони 195 давлати ҷаҳон, мутахассисону олимон ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳам оварда, барои баррасии масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди устувор замина фароҳам овард.
Дар чорабинии канории конфронс ҳамдиректори Озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ Абдусаттор Саидов дар мавзуи «Ҳамкории фаромарзӣ оид ба ҳифзи намудҳои калидии ширхӯрон» ва директори Маркази илмии Хатлони Академияи миллии имҳои Тоҷикистон Мариё Бобоев дар мавзуи «Ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъмини устувори зисти аҳолӣ» маъруза намуданд.
Зимни маърузаҳо зарурати ҳамкории давлатҳои ҳамсоя дар самти ҳифзи намудҳои нодири ҳайвоноти ширхӯр, муҳити зисти онҳо ва мусоидат ба кӯчиши ин ҳайвонот таъкид гардид. Оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии маҳаллӣ ибрози назар гардид. Ҳамзамон дастовардҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омӯзиш, ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ муаррифӣ гардиданд.
Чунин ҳамоишҳо имкон медиҳанд, ки дастовардҳои илмии олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, робитаҳои илмӣ ва ҳамкорӣ бо олимони давлатҳои дигар густариш ёбанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон