Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ гардидаанд. Чунин

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ гардидаанд. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябр зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар вилояти Суғд то имрӯз 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи беш аз 6,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардид. Дар доираи онҳо 568 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ,  90 пул ва 11,7 километр нақб сохта, ба истифода дода шуд.

«Маҳз бо бунёд ва таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе–Чаноқ робитаи нақлиётӣ дар тамоми фаслҳои сол байни вилояти Суғд, пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъмин гардида, барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа имконоти нав фароҳам оварда шуданд»,–афзуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта шуд, ки бо мақсади бартараф намудани мушкилоти рафтуомади одамон ва интиқоли молу маҳсулот санги асоси оғози навсозии роҳи Хуҷанд–Ашт гузошта шуд. Дарозии ин роҳ 110 километр ва маблағи умумии лоиҳавии он 1 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро пайгирона амалӣ намуд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"