САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки 700 довталаб даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар он 700 нафар, аз ҷумла 244 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 хонандаи муассисаҳои таълимии типпи нав, 184 донишҷӯ ва 49 намояндаи касбу кори гуногун аз рӯйи 8 номинатсия- математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок доранд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба амалӣ гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) равона шуда, дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нави раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намуд.

Хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 37-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шукрона Домуллоҷонова ғолиби ҷойи якуми даври сеюми озмун дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» мебошад. Ӯ дар озмун бо ихтирои таҷҳизоти гелиобиогазӣ, ки манбаи барқароршавандаи энергияҳои Офтоб, бод ва хамираи биологӣ мебошад, иштирок намуд. Ихтирои ӯ дар Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1652 аз қайд гузаштааст.

«Дастгоҳи ихтироънамудаи ман аз партовҳои гуногун, пору, боқимондаи растанӣ биогаз ҳосил мекунад, ки онро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебарем. Дастгоҳ партовҳои органикиро ба воситаи реактор ва коллекторҳои офтобӣ, ки массаро то ҳарорати зарурӣ гарм мекунанд, коркард мекунад. Дар натиҷаи коркард, ки тақрибан 20-21 рӯз давом мекунад, аз 10 кг ашёи хом то 3,4-3,5 метри мукааб биогаз ҳосил мешавад, ки дар он ҳиссаи метан 60-65%-ро ташкил медиҳад. Биогази бадастомада барои эҳтиёҷоти маишӣ, аз қабили гармкунӣ ва пухтани хӯрок истифода бурда мешавад»,-мегӯяд иштирокчии озмун Шукрона Домуллоҷонова.

Дар озмун донишу истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли шашум аст дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мешавад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокчиёни даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ шудааст. Тибқи он хонандагони синфи 11-ум бе озмун ва ройгон ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат қабул карда мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"