Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6–8 ноябр Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи Фестивали сайёҳӣ, варзиш ва оила, ки дар Маҷмааи варзишии Покистон (Pakistan Sports Complex) дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, гӯшаи сайёҳӣ ва мардумшиносии Тоҷикистонро ташкил ва муаррифӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд, гӯшаи Тоҷикистон бо мақсади муаррифии имконияти васеи сайёҳии мамлакат, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони муосир ташкил карда шуд. Дар он боздидкунандагон бо табиати нотакрори кишвар, кӯҳҳои сарбафалак, кӯлҳои зебо, ёдгориҳои таърихӣ, расму ойин ва фарҳанги мардуми тоҷик шинос гардиданд.
Бояд гуфт, ки гӯшаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоссаи меҳмонони хориҷӣ ва ҳамватанони бурунмарзии муқими Покистонро ҷалб намуд. Онҳо бо эҳсоси ифтихор аз таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва мероси аҷдодии миллати тоҷик ба гӯшаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз имкони шиносоӣ бо фарҳанг ва анъанаҳои Ватани аҷдодии худ изҳори хушнудӣ намуданд. Ҳамзамон тамошобинони покистонӣ ва намояндагони дигар кишварҳо ба имконоти сайёҳии Тоҷикистон, табиати нотакрор ва меҳмоннавозии мардуми он диққати хосса нишон доданд.
Давоми се рӯзи баргузории фестивал дар гӯшаи Тоҷикистон наворҳои видеоӣ доир ба зарфияти сайёҳӣ, таъриху фарҳанг, табиати зебо, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди Тоҷикистони муосир намоиш дода шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши робитаҳои мардумӣ байни Тоҷикистону Покистон аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон онҳо ба фароҳам овардани заминаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ ва шиносоии бештари ҷомеаи Покистон бо таъриху тамаддун ва дастовардҳои Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон