Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардида, то 24 октябр идома меёбад. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати табъу
ДУШАНБЕ, 2 1 . 10 .2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардида, то 2 4 октябр идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад иттилоъ дод, намоишгоҳ бо мақсади таблиғи китобу китобхона, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва рушду инкишоф додани муносибатҳои фарҳангӣ доир мегардад.
«Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри ватанӣ ва ноширони қариб даҳ давлати ҷаҳон китобҳои тозанашрро ба намоиш мегузоранд», — афзуд Иброҳим Аҳмад.
Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст. Он дар таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дӯсту бародар, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии насли наврас ва ҷавон тавассути мутолиаи осори адибон нақши созгор мегузорад.
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 ин ҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватанию хориҷӣ баргузор мешавад.
Китоб чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин неруи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки ҳақиқати воқеии ҳаёти гузаштаю имрӯзаи ҷомеаро ба фардо мерос мегузорад.
АКС аз бойгонӣ