Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор гардида, аз моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин мамлакат ба фаъолият шуруъ кард. Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе аз соли 1998 фаъолият дорад.

Аз оғоз ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобили судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор дорад ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст. Дар баррасии масъалаҳои муҳимми дорои моҳияту аҳаммияти байналмилалӣ ва минтақавӣ  мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.

Дар айни замон асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 75 санад ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, инчунин ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Асоси ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистонро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Тоҷикистон ба Қазоқистон электроэнергия, пахта, алюминий ва анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзӣ содир намуда, аз ин кишвар гандум ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва нуриҳои минералӣ ворид менамояд.

Бо сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон беш аз 50 корхонаи муштарак фаъолият доранд. Ҳамкории дуҷониба соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва илм, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зистро дар бар мегирад.

Ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ҳарду давлат ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли ҳамкории зич ифода мегардад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"