Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ дар фазои бошукуҳ ҳамоиши тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ дар фазои бошукуҳ ҳамоиши тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, гурӯҳи аввали ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омодаи адои хизмати ҳарбӣ гардида, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана гусел карда шуданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқуъ пайваст. Бояд гуфт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавон мактаби бузурги масъулиятшиносӣ, интизом, матонат, ҷасорат ва ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, ҷавонон дар ин мактаб дар баробари азхуд намудани донишу малакаҳои ҳарбӣ ҳисси масъулият дар назди Ватан ва миллатро тақвият медиҳанд.

Яке аз лаҳзаҳои муҳими чорабинӣ маросими анъанавии нонгазонӣ буд, ки аз ҷониби модарони наваскарон баргузор гардид. Ин маросим ҳамчун рамзи дуои нек, орзуи саломатӣ ва бозгашти сарбаландонаи фарзандон ба Ватан анҷом дода шуд.

Таъкид карда шуд, ки ҷавонони ноҳияи Айнӣ дар таъмини сулҳу оромӣ ва амнияти мамлакат саҳми арзанда гузошта, дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмат менамоянд. Ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу субот ва ҳимояи марзу буми давлат масъулияти ҳар шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ азми хизмат ба Ватанро карданд, дар Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуда, соҳиби ихтисос гардиданд. Дар ин рӯз ба як зумра ҷавонон дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Источник: АМИТ "Ховар"