Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ Халилур Раҳмон мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи минбаъдаи ваколати Раиси Маҷмаи Умумии СММ тибқи қатъномаи A/RES/80/304 оид ба ҷузъиёти Конфронси оби СММ-2028-ро баррасӣ намуданд.
Ҳарду ҷониб ба масъалаи таъйини ду кишвари ҳамраис барои баргузории машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамоҳангсозии санади ниҳоии конфронси мазкур — «Раванди оби Душанбе» (Dushanbe Water Framework), инчунин баргузории чорабинии сатҳи баланди тадорукотии конфронс дар моҳи марти соли 2027 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон ҳамчунин аҳаммияти ҳамкории зичро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 таъкид намуда, омодагии худро барои ба роҳ мондани ин равобит бо Дафтари Раиси Маҷмаи Умумии СММ тасдиқ кард. Раиси Маҷмаи Умумии СММ омодагии он ҷонибро барои дастгирӣ ва мусоидат ба раванди тадорукоти Конфронс иброз намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон