ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард. Тавре ба
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозӣ 5 октябр дар Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Дилафрӯз Абдикаримова ба нишон расонид.
Дар бозии дигари гурӯҳ футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бар тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби калони 16:0 пирӯз шуданд.
Дар даври дуюм, 8 октябр дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо тими Кореяи Ҷанубӣ вомехӯрад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон