Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон то 8 октябр 110 ҳазору 447,3 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят идома
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон то 8 октябр 110 ҳазору 447,3 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Масъулини соҳаи кишоварзӣ ва пахтакорон бо истифода аз обу ҳавои мусоид барои суръат бахшидани ҷамъоварии ҳосил, пурра ва босифат ҷамъ овардани пахта ва иҷрои нақшаи пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Соҳаи кишоварзӣ зери таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгирии навбатӣ ба рушди соҳа ва кишоварзон равона карда шудааст.
Пахтакорӣ бахши сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат буда, рушди он дар таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон