Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар ноҳияи Восеъ навсозии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ идома дорад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» мудири маорифи ноҳия Умед Музаффарзода хабар дод.

Дар ноҳияи Восеъ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаҳои нави томактабӣ, таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Дар айни замон дар ноҳия 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсей, таҳсилоти томактабӣ ва интернети хонандагони лаёқатманд фаъолият дошта, аксари онҳо аз таъмир бароварда шуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, шумораи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва омӯзгорон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Дар ноҳия дар соли таҳсили 2025-2026 86 муассисаи соҳаи маориф фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 10 адади он муассисаи томактабӣ мебошад. Ин шумора нисбат ба солҳои 2000-2001 16 адад зиёд аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"