Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 16.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 ноябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайрҳои сайёҳии шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадафи асосии баргузории хатсайрҳо шиносоии наздик бо таърихи давлатдории навини тоҷикон, марҳилаҳои муҳими ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, фаъолияти созанда ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат, инчунин баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таърихию фарҳангӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Давоми се рӯз дар хатсайрҳои мазкур кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт иштирок намуда, бо мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ ва осорхонаҳои пойтахт шинос шуданд.
Дар рӯзи якуми хатсайр намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуданд.
Иштирокдорон нахуст ба Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рафта, бо таърихи таъсис, марҳилаҳои ташаккул ва фаъолияти ҳизб, инчунин нақши он дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат шинос шуданд.
Дар идома иштирокдорон дар кинотеатри «Ватан» филми мустанади «Пешвои миллат – аз қалби мардум»-ро тамошо карданд. Филм марҳилаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон, нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро инъикос менамояд.
Дар рӯзи дуюми хатсайр кормандони соҳаи тандурустии пойтахт иштирок намуда, нахуст бо «Толори туҳфаҳои Пешвои миллат» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд. Зимни шиносоӣ ба онҳо оид ба таърихи таъсис ва ташаккули толор, намунаҳои туҳфаҳои ба Пешвои миллат тақдимгардида ва арзиши таърихию фарҳангии онҳо маълумот пешниҳод карда шуд.
Иброз гардид, ки туҳфаҳои дар толор маҳфузбуда дар баробари ифодаи эҳтирому қадршиносӣ бозгӯйи робитаҳои дӯстона, муносибатҳои фарҳангӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд.
Ҳамзамон иштирокдорон дар Театри миллӣ бо таърихи таъсис, фаъолияти муассиса, имконияти он ва нақши театр дар ҳифзу рушди санъати миллӣ шинос шуданд.
Зимни суханрониҳо ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ҳамзамон саҳми кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон таъкид гардид.
Дар рӯзи сеюми хатсайр кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт иштирок карда, бо Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
Иштирокдорон бо таърихи таъсис ва фаъолияти осорхона, марҳилаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маводи марбут ба ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон шинос шуданд.
Тавассути нигораҳо, ҳуҷҷатҳо ва маводи дар осорхона маҳфузбуда ба иштирокдорон оид ба рӯйдодҳои муҳими таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, раванди барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ маълумот пешниҳод гардид.
Дар ҳама рӯзҳои баргузории хатсайрҳо иштирокдорон филми мустанади «Пешвои миллат – аз қалби мардум»-ро тамошо карданд. Филми мазкур бо истифода аз наворҳои ҳуҷҷатӣ марҳилаҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон, фаъолияти давлатсозии Пешвои миллат ва дастовардҳои кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ инъикос намуда, ба тамошобинон имкон фароҳам овард, ки бо саҳифаҳои муҳими таърихи муосири мамлакат аз наздик шинос шаванд.
Иштирокдорон муҳтавои филм ва баргузории чунин чорабиниҳои маърифатию фарҳангиро дар нигоҳдории хотираи таърихӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Хатсайрҳои сайёҳии шиносоӣ, ки аз 12 то 14 ноябр идома ёфтанд, кормандони се соҳаи муҳими пойтахт — маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзишро фаро гирифта, барои шиносоии онҳо бо мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ ва саҳифаҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон имконияти мусоид фароҳам оварданд.
Гуфта шуд, ки чунин иқдомҳо дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва ифтихор аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти муҳим доранд.
АКС: Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе