Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар доираи манзумаи «Тамаддуни ориёӣ», ки дар ҳошияи китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод шудааст, озмуни ҷумҳуриявӣ барузор мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, озмун бо мақсади таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, шинохти чеҳраҳои барҷастаи тамаддунофар ва омӯзиши амиқи корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ гузаронида мешавад.

Дар озмун ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, донишҷӯёни муассисаҳои олии мамлакат, омӯзгорон ва намояндагони гуногункасб иштирок карда метавонанд.

Шартҳои озмун донистани маълумоти мухтасари мазмуну муҳтавои китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ёд қироат кардани манзумаи «Тамаддуни ориёӣ», инчунин тафсир додани мазмун ва муҳтавои он мебошад.

Озмун аз 10 то 14 ноябр баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"