Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар сайёраи Замин тақрибан 63 баҳр мавҷуд буда, баъзе манбаъҳо шумораи онро то 80 ё бештар аз он мешуморанд, зеро сарҳади байни баҳру халиҷ ва кӯлҳои
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Дар сайёраи Замин тақрибан 63 баҳр мавҷуд буда, баъзе манбаъҳо шумораи онро то 80 ё бештар аз он мешуморанд, зеро сарҳади байни баҳру халиҷ ва кӯлҳои бузург ба таври дақиқ муайян нагардидааст. Ҳамасола панҷшанбеи охири моҳи сентябр таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Созмони байналмилалии нақлиёти баҳрӣ (IMO) Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳо (World Maritime Day) ҷашн гирифта мешавад. Соли 2026 ин сана ба 24 сентябр рост омад.
Ҳадафи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳо
Амнияти киштиронӣ, таваҷҷуҳ ба бехатарии кормандони соҳаи баҳрӣ ва киштиҳо, ҳифзи муҳити зист, мубориза бар зидди ифлосшавии баҳрҳо ва уқёнусҳо аз ҳисоби партовҳои киштиҳо, тиҷорати ҷаҳонӣ, бозтоби аҳамияти нақлиёти баҳрӣ аз ҳадафҳои асосии таҷлили ин сана маҳсуб мешаванд. Беш аз 80 фоизи тиҷорати ҷаҳонӣ тавассути баҳрҳо амалӣ мегардад. Шиори ин рӯз барои солҳои 2026–2027: «Аз сиёсат то амалия: таҳкими маҳорати баланд дар соҳаи баҳрӣ» (From Policy to Practice: Powering Maritime Excellence) мебошад.
Тоҷикистон роҳи баҳрӣ надорад
Бояд тазаккур дод, ки аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ Тоҷикистон дар қисми ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ воқеъ гардида, роҳи баҳрӣ надорад ва ҷумҳурии моро аз чор тараф хушкӣ иҳота намудааст. Набудани дастрасии мустақим ба баҳр хароҷоти интиқоли борҳоро зиёд мекунад ва ба савдои байналмилалӣ низ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, барои баромадан ба бандарҳои баҳрӣ ҷумҳурии мо аз қаламрави ҳамсоядавлатҳо, ба монанди Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Покистон ва Чин тавассути роҳҳои оҳан ва автомобилгард истифода мекунад.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба давлати транзитӣ
Тоҷикистон бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи стратегии «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ»-ро амалӣ намуда, мушкилоти роҳи баҳр надоштани худро ҳал мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳо, аз ҷумла дар паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ ва ҳамоишҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) мавқеи Тоҷикистонро дар ин самт чунин шарҳ додаанд: «Ҳарчанд Тоҷикистон роҳи баромад ба баҳр надорад, аммо сохтмони нақбҳо, пулҳо ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ, ба монанди роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Кулма ва пулҳои Панҷи Поён, ки дар болои Амударё сохта шудаанд, ҷумҳуриро ба хати муҳими транзитии минтақавӣ табдил додаанд».
Истифодаи бандарҳои кишв арҳои ҳамсоя
Тоҷикистон барои дастрасӣ ба обҳои кушод ва баҳрӣ аз зерсохторҳои нақлиётии кишварҳои ҳамсоя ва минтақа — бандарҳои Карочӣ ва Гвадари Покистон, Чобаҳор ва Бандар-Аббоси Эрон истифода мебарад ва барои ин созишномаҳои транзитӣ имзо намудааст.
Дархост аз ҷомеаи ҷаҳонӣ
Дар конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (Барномаи амали Вена) Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз созмонҳои молиявӣ даъват ба амал меорад, ки барои коҳиш додани хароҷоти нақлиётии чунин кишварҳо ва содагардонии расмиёти гумрукӣ кумак расонанд.
Рушди долонҳои мултимодалӣ
Таъкид мегардад, ки рушди долонҳои нақлиётии байналмилалӣ, аз ҷумла КАТO (Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон) ва долони Шимол – Ҷануб вобастагии Тоҷикистонро аз маҳдудияти ҷуғрофӣ ба куллӣ кам мекунад.
Бузургтарин баҳр
Бузургтарин баҳр аз рӯи масоҳат Баҳри Саргассо дар Уқёнуси Атлантик аст, ки соҳили хушкӣ надорад ва бо ҷараёнҳои об иҳота шудааст. Баҳри хурдтарин баҳри Мармар мебошад. Баҳри Филиппин бо умқи 10 266 метр чуқуртарин баҳр дар сайёраи Замин аст. Пасттарин баҳр Баҳри Азов аст, ки қаъри он аз 13,5 метр зиёд нест. Гармтарин баҳр Баҳри Сурх буда, ба он ягон дарёи доимӣ намерезад. Баҳри тозатарин Уэдделла буда, дар соҳилҳои Антарктида ҷойгир аст. Сардтарин баҳр Сибири Шарқӣ мебошад. Оби баҳрҳо ба дараҷае намаки бисёр доранд, ки агар онҳоро коркард кунем, сайёраи заминро метавонад чанд қабат намак пӯшонад. Мавҷҳои баҳрӣ баландтаринаш ба 40 метр мерасад.
Оё медонед?
Дар қаъри баҳрҳо гейзерҳои ҷӯшон мавҷуданд, ки оби баҳрро то ба 300-400 дараҷа Селсия меҷӯшонанд. Аввалин нишонаҳои ҳаёт дар баҳр пайдо шудаанд. Яхи баҳриро агар об кунед, онро нӯшидан мумкин аст, танҳо он камтар шӯр аст. Баҳрҳо ва уқёнусҳо 71 фоизи сатҳи Замин ва 99 фоизи захираҳои оби сайёраро дар бар мегиранд. 75 фоизи шаҳрҳои калонтарини ҷаҳон дар канори баҳрҳо ҷойгиранд. 80 фоизи аҳолии кураи Замин дар масофаи бештар аз 100 километр дуртар аз соҳили баҳр ё уқёнус зиндагӣ мекунанд. Мавқеи ҷойгиршавии ҳозираи баҳри Миёназамин биёбону хушкӣ буд, вале бинобар сабаби баланд шудани сатҳи оби уқёнусҳо оби уқёнуси Атлантика тавассути резишгоҳи Гибралтар ба ин баҳр ҷорӣ шуд. Оби баҳрҳои Шимолӣ ва Балтика бинобар сабаби зичии гуногун доштанашон ба ҳам омехта намешаванд.
Баҳри Тоҷик
Обанбори Қайроққум, ки бо номи Баҳри Тоҷик низ машҳур аст, яке аз бузургтарин обанборҳои сунъӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Он дар вилояти Суғди Тоҷикистон, дар рӯди Сирдарё сохта шудааст. Дарозиаш тақрибан 65 км, бараш аз 20 то 50 км ва чуқурии бештараш ба 25 метр мерасад. Ҳаҷми умумии обаш тақрибан 4,2 километри мукааб аст. Он барои обёрии заминҳои кишоварзӣ, хусусан водии Фарғона, истеҳсоли неруи барқ тавассути Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ва моҳипарварӣ нақши муҳим дорад. Ин иншооти бузург, ки дар солҳои 50-уми асри XX сохта шудааст, имрӯз низ ҳамчун манбаи муҳими об, неру ва рушди кишоварзии минтақа хизмат мекунад.
Ин макон бо обу ҳавои мусоиду хуш ва истироҳатгоҳҳояш маркази муҳими сайёҳӣ дар минтақа ба шумор меравад. Дар ин ҷо барои рушд додани сайёҳӣ инфрасохтори гуногуни гардишгарӣ бунёд карда шудааст, ки ба рушди соҳаи туризм мусоидат менамояд.
Иқтисодиёти нилгун
Баҳрҳо ва уқёнусҳо муҳаррики асосии иқтисоди ҷаҳонӣ буда, тақрибан 3-5 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Ин соҳаро иқтисодиёти нилгун (Blue Economy) низ меноманд. Дар маҷмуъ саҳми баҳрҳо дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ хеле бузург аст.
Нақлиёти баҳрӣ: танзими тиҷорати байналмилалӣ
Тақрибан 80-90 фоизи ҳаҷми тиҷорати ҷаҳонӣ ва беш аз 70 фоизи арзиши он тавассути роҳҳои баҳрӣ интиқол дода мешавад.
Нақлиёти баҳрӣ нисбат ба нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ барои интиқоли борҳои бузургҳаҷм, аз ҷумла, нафт, ангишт, ғалладона, автомобилҳо ба масофаҳои дур аз ҳама арзон ва мувофиқ аст.
Каналҳои стратегӣ
Каналҳои Суэтс ва Панама, инчунин гулӯгоҳҳои Малакка ва Ҳурмуз рагҳои асосии ҳаёти иқтисодии ҷаҳон мебошанд.
Баҳрҳо- манбаи захираҳои энергетикӣ
Тақрибан 30 фоизи нафт ва гази табиӣ дар ҷаҳон аз конҳои зерибаҳрӣ -шелфҳо истихроҷ карда мешаванд. Ҳамзамон имрӯзҳо баҳрҳо ба манбаи бузурги энергияи таҷдидшаванда табдил ёфтаанд. Неругоҳҳои бодии рӯйибаҳрӣ (Offshore wind energy) ва энергияи мавҷҳои баҳрӣ соҳаҳои босуръат рушдкунандаи энергетика мебошанд.
Баҳрҳо ва уқёнусҳо манбаи асосии ғизои сафедадор -протеин барои беш аз 3 миллиард аҳолии ҷаҳон арзёбӣ мегарданд. Танҳо соҳаи моҳидорӣ ва парвариши маҳсулоти баҳрӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ миллионҳо ҷойи кор фароҳам меорад.
Туризм ва рекреатсия
Сайёҳии соҳилӣ ва баҳрӣ, аз ҷумла саёҳатҳои круизӣ яке аз бахшҳои даромадноки тиҷорати ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд. Саёҳати баҳрӣ барои кишварҳои ҷазиравӣ, амсоли Малдив, Баҳам ва ғайраҳо асоси Маҷмуи маҳсулоти дохилии онҳоро ташкил медиҳад.
Иртибототи ҷаҳонӣ: ноқилҳои зерибаҳрӣ ва Интернет
Зиёда аз 95 фоизи трафики интернети байналмилалӣ ва маълумот тавассути кабелҳои нахи оптикии зерибаҳрӣ интиқол дода мешаванд, зеро бе ин инфрасохтор фаъолияти низоми бонкии ҷаҳонӣ, биржаҳо ва тиҷорати электронӣ ғайриимкон аст.
Баҳрҳо- пулҳои асосии пайвасткунандаи қитъаҳо
Баҳрҳо на танҳо манбаи захираҳои табиӣ, балки пулҳои асосии пайвасткунандаи қитъаҳо мебошанд. Кишварҳое, ки ба баҳр баромад доранд, дорои имконияти хеле калони логистикӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Барои кишварҳои маҳсури хушкӣ, ба монанди Тоҷикистон дастрасӣ ба баҳрҳо тавассути бандарҳои кишварҳои ҳамсоя, масалан, бандарҳои Эрон ё Покистон барои рушди тиҷорати берунӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз