Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Женеваи Швейтсария таҳти унвони «Даҳсолаи ояндаи сармоягузории ҷаҳонӣ» (The Next Decade of Global Investment) ҳамоиши сатҳи вазирон баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад.
Ҳамоиш дар доираи Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ (World Investment Conference 2026) доир гардид. Конфронс бо ташаббуси Ассотсиатсияи ҷаҳонии агентиҳои мусоидат ба сармоягузорӣ (WAIPA) аз 10 то 12 ноябр баргузор гардида, намояндагони воломақоми мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, агентиҳои мусоидат ба сармоягузорӣ ва доираҳои соҳибкории кишварҳои гуногунро барои баррасии тамоюлҳои муосир ва дурнамои рушди равандҳои сармоягузории ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.
Султон Раҳимзода дидгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба самтҳои калидии рушди сармоягузории ҷаҳонӣ дар даҳсолаи оянда муаррифӣ намуда, ба масъалаҳои рушди устувор, гузариш ба энергетикаи «сабз», таҳкими пайвастагии минтақавӣ, дигаргунсозии технологӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалии сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Раиси Кумита иқтидори назарраси Тоҷикистонро дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда таъкид намуда, иброз намуд, ки захираҳои гидроэнергетикии мамлакат тақрибан 527 миллиард киловатт-соат дар як сол арзёбӣ мегарданд. Дар ин замина ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энергетикии минтақа, ки ба таҳкими амнияти энергетикӣ ва рушди энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Аҳаммияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва рақамӣ, тавсеаи савдои минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ низ таъкид гардид. Инчунин самтҳои афзалиятноки ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла маҷмааи агросаноатӣ, саноати нассоҷӣ ва истихроҷи маъдан, коркарди ашёи хоми маъданӣ, сайёҳӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва истеҳсолоти муосир муаррифӣ карда шуданд.
Ба зарурати тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, татбиқи механизмҳои инноватсионии маблағгузорӣ, ҷалби сармояи хусусӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Султон Раҳимзода таъкид намуд, ки сармоягузорӣ бояд на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба таъсиси ҷойи нави кор, интиқоли технологияҳои муосир, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисодиёти миллӣ мусоидат намояд. Изҳор гардид, ки Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ омода буда, метавонад ҳамчун шарики боэътимод дар пешбурди рушди устувор ва фарогири иқтисодӣ саҳм гузорад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон